Пайвандҳои дастрасӣ

Вокунишҳо ба вазъияти ноороми Покистон


Кумисионери олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, Луиза Арбур аз боздошти додварон, ҳуқуқшиносони пешқадам, фаъолони сиёсӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсони Покистон изҳори нигаронӣ кард. Ҳукумати Ҳулланд кӯмакҳои худро ба Покистон қатъ намуд ва Вошингтон гуфтааст, барномаҳои чандмиллаирддоларии имдод аб Покистонро бознигарӣ мекунад. Ҳамчунин ба охирин хабарҳо, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, имрӯз гуфт, Мушарраф бояд аз мақоми низомии худ истеъфо диҳад ва ҳарчи зудтар ҳолати сиёсии кишварашро ба маҷрои демократӣ бозгардонад. Ба ҳайси аввалин гузашт, вазири адлияи Покистон, Малик Абдулқаюм имрӯз гуфт, ҳукуматаш тасмим гирифтааст, интихоботи умумиро тавре тарҳрезӣ шуда буд, дар моҳи январи соли оянда баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG