Мақомоти Русия мегӯянд, дар сӯхтори Хонаи пиронсолон дар вилояти Тулои ин кишвар 30 нафар ба ҳалокат расидаанд. Сабаби аслии ин сӯхтор дар рустои Великое Николское маълум нашудааст. Баъд аз сар шудани он наздик ба 300 нафар аз ин муассиса кӯчонда шудаанд.