Пайвандҳои дастрасӣ

Саркӯб ва боздоштшавии ҳуқуқдонҳо дар Покистон


Задухурди намояндагони полис бо ҳуқуқдонҳо дар Лоҳур, 05 ноябри 2007

Задухурди намояндагони полис бо ҳуқуқдонҳо дар Лоҳур, 05 ноябри 2007

Пулиси Покистон тазоҳуроти тақрибан ду ҳазор ҳуқуқдонҳои шаҳри Лоҳурро бо истифода аз калтаку гази ашковар саркӯб намуд. Ҳуқуқдонҳо алайҳи эълони вазъи фавқулодда дар кишвар эътироз карданд.

Дар ин ҳодиса чанд нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ҳамин гуна тазоҳурот дар шаҳри Карочӣ даҳҳо ҳуқуқдонҳо боздошт шуданд. Задухурдҳои начандон бузурги пулис ва эътирозгарон дар шаҳрҳои Равалпиндӣ ва Мултон низ рух доданд.

Имрӯз Шавкат Азиз, сарвазири Покистон, эълом дошт, ки вазъи фавқулодда дар кишвар то замоне идома хоҳад кард, ки ба он ниёз ҳаст. Дар як нишасти хабарӣ ӯ гуфт, мо ҷонибдори тарзи порлумонии идораи давлатем ва мехоҳем мутмаин бошем, ки интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад ва равандҳои демократӣ дар кишвар таҳким хоҳанд ёфт. Ба гуфтаи сарвазири Покистон, дар натиҷаи ҳаводиси ахир шояд санаи баргузории интихобот тағйир ёбад ва аммо алҳол дар ин бора ягон тасмим гирифта нашудааст.

Дар давоми ду рӯзи баъд аз эълони вазъи фавқулодда аз сӯи раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар Покистон ҳудуди 500 нафар, асосан, намояндагони аҳзоби мухолиф боздошт шуданд. Миёни онҳо Ҷовид Ҳашмӣ, яке аз раҳбарони ҳизби сарвазири пешин, Навоз Шариф ва Асмо Ҷаҳонгир, раиси комиссиюни мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Покистон, низ ҳастанд.

Эълони вазъи фавқулодда дар Покистон, аз ҷумла маънии мутаваққиф шудани Қонуни асосӣ, вогузоштани ваколати бештар ба пулис барои боздошти афроди норозӣ, аз хизмати вакилони дифоъ маҳрум кардани гумонбарону боздоштшудагон, маҳдудияти рафтуо, қатъи пахши барномаҳои шабакаҳои мустақили телевизиониро дорад. Дар чаҳорчӯби амри раисиҷумҳур оид ба вазъи фавқулодда раиси Додгоҳи Олии кишвар аз вазифа сабукдӯш шуда, ҳама додрасҳо иҷборан савганди садоқат ба раисиҷумҳурро ёд карданд. Додгоҳи Олӣ ҳаққи бозрасии парвандаҳои марбут ба вазъи фавқулоддаро надорад.

Парвиз Мушарраф ҷорӣ кардани вазъи фавқулоддаро бо зарурати аз байн бурдани ифротгароӣ марбут мекунад. Ва аммо коршиносони маҳаллӣ бо ин нукта розӣ нестанд ва мегӯянд, раисиҷумҳур дар кишвар вазъи низомӣ ҷорӣ кардааст. Афросиёб Хаттак, таҳлилгари сиёсии муқими Покистон, мегӯяд, Мушарраф эълом дошт, ки вазъи фавқулодда ҷорӣ кардааст, аммо ин тавр нест. Ба гуфтаи ӯ, аслан гап сари ҷорӣ кардани вазъи низомӣ меравад, ки онро зоҳиран вазъи фавқулодда ном мебаранд.

Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, ахиран аз эълони вазъи фавқулодда интиқод кард ва гуфт, ҳадаф аз он муқобилат бо тасмимҳои Додгоҳи Олии кишвар аст, ки барои раисҷумҳур қобили қабул нестанд.

Имрӯз Кондализа Райс, котиби давлатии ИМА, изҳор кард, ки Парвиз Мушарраф бояд аз маснади фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ канор равад, волояти Қонуни асосӣ дар кишварро таъмин намояд ва интихоботи порлумониро дар вақти муқарраршуда, яъне моҳи январи соли оянда, доир кунад.

Зимнан Вошингтон мехоҳад дар вокуниш ба тасмими Парвиз Мушарраф иораи кумаки молӣ ба Покистонро таҷдиди назар кунад. Шурӯъ аз соли 2001, баъд аз эълони ҷанг алайҳи террор, Покистон яке аз ҳампаймонҳои Амрико дар ин ҷанг аз Вошингтон дасти кам 10 миллиард доллар кумаки молӣ дарёфт кардааст.

XS
SM
MD
LG