Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Русияро дар нақзи ҳарими ҳавоӣ айбдор кард


Раиси аркони нирӯҳои мусаллаҳи Гурҷистон, генерал Заза Гогава, гуфт, се ҳавопаймо аз Русия ҳарими ҳавоии Гурҷистонро вайрон кардаанд. Гогава афзуд, ин ҳавопаймоҳо то се километр вориди фазои Гурҷистон шуда, аз болои минтақаи Казбек ба Русия баргаштаанд. Намояндагони Русия ин хабарро рад карданд. Гурҷистон дар моҳи август низ Русияро дар нақзи ҳарими ҳавоии худ айбдор карда, гуфта буд, яке аз ҳавопаймоҳо ба як рустои гурҷӣ мушаке партофт, ки мунфаҷир нашуд.

XS
SM
MD
LG