Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зидди Дилороми Алӣ бетағйир монд


Додгоҳи шикоятии Эрон ҳукми ҳабс ва шаллоқи як зани фаъолро барои ширкаташ дар тазоҳуроти соли гузашта бетағйир боқӣ гузошт. Ин зан бо номи Дилороми Алӣ яке аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Эрон аст. Вакили ӯ, Насрин Сутуда, имрӯз гуфт, муваккили ӯ бояд ду солу чаҳор моҳро дар зиндон ба сар барад ва 10 шаллоқ бихӯрад. Дилороми Алӣ яке аз даҳҳо нафар аст, ки дар тазоҳуроти соли 2006-и Теҳрон бар зидди қонунҳои маҳдудкунандаи ҳуқуқи занон ширкат кард. Қаблан вай ба ду солу 10 моҳи зиндон ва 10 зарби шаллоқ маҳкум шуда буд.

XS
SM
MD
LG