Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи мусобиқаи шоҳмот дар Исфара


Ширкаткунандагони мусобиқаи шоҳмот дар шаҳри Исфара, 05 ноябри 2007

Ширкаткунандагони мусобиқаи шоҳмот дар шаҳри Исфара, 05 ноябри 2007

Дар мусобиқаи бози шоҳмот дар шаҳри Исфара 60 нафар шатранҷбозон аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат карданд. Ин мусобиқа бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ифтихори 80-умин солгарди зодрӯзи собиқ раиси хоҷагии «Гулистон» шодравон Фахриддин Нуриддинов дар маҷмаъаи фарҳангию фароғатии «Ориён» баргузор шуд.

Сардовари ин мусобиқа Ёқуб Раҳимов гуфт, дар сабқати мардон, ки тӯли ҳашт рӯз идома кард, шатранҷбози 16-сола, хонандаи мактаб-гимназияи шаҳри Чкалови вилояти Суғд Игор Нуриддинов бо касби 7, 5 имтиёз соҳиби ҷои аввал гардид. Сӯҳроб Ҳамдамов аз Душанбе ва Баҳодур Абдуллоев Исфара 7-имтиёзӣ ба даст оварданд. Вале аз рӯи натоиҷи изофӣ устоди байнулмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов дар ҷои дуввум ва Баҳодур Абдуллоев дар ҷои севвум қарор гирифтанд.

Дар сабқати занон, ки аз панҷ давр иборат буд, танҳо мизбонон – бонувони шатранҷбози Исфара рақобат карданд. Омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии шумораи 52 Ҳадиса Маъруфова, ки бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуд, бо 5 имтиёз ғолиби мусобиқа гардид. Духтари ӯ Шаҳодатхон Ҳусейнхоҷаева бо 4 имтиёз ҷои дуввумро гирифт. Нарзия Ҳасанова бо 3 имтиёз севвум шуд.

Ғолиби сабқат Ҳадиса Маъруфова иброз дошт, ки ҳамаи аъзои оилаи ӯ шатранҷбозанд. Фарзандон Муҳаммадхоҷа, Мустафохоҷа ва Шаҳодатхон шатранҷбозиро аз падари худ Усмонхӯҷа Ҳусейнхоҷаев омӯхтаанд. Муҳаммадхоҷаи 20-сола, ки қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон байни ҷавонон аст, феълан дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба сар мебарад ва барои такмили маҳорати худ дар мусобиқоти мухталиф ширкат меварзад.

Ғолибони сабқат бо ҷоизаҳои сарпарасти ин мусобиқа – ширкати сохтмонии «Таъмир-1», ки ба он фарзанди шодравон Фахриддин Нуриддинов - Ҳусейнхӯҷа Нуриддинов - сарварӣ мекунад, мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG