Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нав барои шоҳроҳи Душанбе-Ош


Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд як тавофуқномаи нав барои идомаи азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ош-ро имзо карданд.

Ин тарҳ, ки дар нишасти намояндагони Созмони минтақавии ҳамкории иқтисодӣ (CAREC) дар Душанбе ба имзо расид, навсозиву тармими қисмати роҳ аз деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт то сарҳади Қирғизистонро дар назар дорад.

Барои пиёдасозии тарҳи мазкур беш аз 76 миллиёну 400 ҳазор доллар ихтисос дода хоҳад шуд, ки беш аз 53 миллиёни онро Бонки Осиёии Рушд ва ҳудуди 23 милиёни дигарро ҷониби Тоҷикистон пардохт хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG