Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси раҳбарони мухолифон дар Покистон


Ҳуқуқшиноси боздоштшуда аломати пирӯзӣ медиҳад. Карочӣ, 5 ноябри соли 2007.

Ҳуқуқшиноси боздоштшуда аломати пирӯзӣ медиҳад. Карочӣ, 5 ноябри соли 2007.

Полиси Покистон даҳҳо вакили ҳуқуқиро, ки имрӯз дар Карочӣ бо эътироз аз эълони вазъияти фавқулодда даст ба тазоҳурот заданд, ба ҳабс гирифт.

Сар аз эълони вазъияти фавқулодда садҳо нафар аз раҳбарони мухолифон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва вакилони ҳуқуқӣ боздошт шудаанд. Як намояндаи ҳизби исломии мухолифи давлат, Ҷамоати исломӣ гуфт, ба камияш 600 нафар аз тарафдорони ин гурӯҳ зиндонӣ шудаанд.

Сарвазири Покистон Шавкат Азиз дар ин байн гуфт, интихоботи порлумонӣ, ки барои моҳи январи соли оянда пайрезӣ шуда буд, мумкин аст, то як сол ба таъвиқ афтад. Азиз гуфт, ҳукуматаш ба раванди демократӣ содиқ хоҳад монд, аммо тибқи қонунҳои вазъияти фавқулодда мӯҳлати фаъолияти порлумон, ки ҳамин моҳ ба поён мерасад, метавонад, барои як сол дароз карда шавад.

Мунаққидон мегӯянд, Мушарраф барои он вазъияти фавқулодда эълон кард, то аз ҳукми Додгоҳи Олии Покистон, ки қонунмандии ширкат ва пирӯзии ӯро дар интихоботи моҳи октябр таҳқиқ мекард, пешгирӣ намояд.

Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс, бори дигар аз мақомоти Покистон даъват кард, ба идораи демократии кишвар баргарданд ва афзуд, кӯмакҳои молии Амрико ба Покистон мавриди бознигарӣ қарор ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG