Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгории маҷбурӣ дар Тоҷикистон


Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз соли хониши нав ҳамаи хатмкардаҳои факултаҳои забонҳои хориҷии донишгоҳи омӯзгорӣ, ки муддате дар хориҷа таҳсил кардаанд, маҷбур хоҳанд буд, ки на камтар аз 10 сол аз рӯи ихтисосашон дар яке аз мактабҳои ҳамагонии кишвар дарс гӯянд.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, феълан шароити ҳуқуқии танзими ин муқаррароти нав андешида мешавад. Вазир гуфт, сухан танҳо дар бораи онҳое меравад, ки дар факултаҳои буҷавӣ таҳсил карда, аз рӯи роҳхати вазорати маориф дар хориҷа таҳсил кардаанд. Вай ботаассуф гуфтааст, ташаббуси аввалияи мақомоти Тоҷикистон оиди фароҳам овардани шароити мусоид барои таҷрибаандӯзӣ дар хориҷа натиҷаҳои манфӣ ба бор овардааст. Бино бар ҳарфи вазир, аксари кулли таҷрибаомӯзони тоҷике, ки дар хориҷа таҳсил кардаанд, баъди бозгашт ба ватан барои кор дар созмонҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон истихдом шуданд ва дарсади хеле ками онҳо бо майли худ фаъолияти омӯзгориро идома додаанд. Феълан, аз рӯи маълумоти вазорат, дар кишвар камбуди беш аз 800 омӯзгори забони хориҷӣ эҳсос мешавад.

Мавзӯи кор дар мактаб, ҳатто барои онҳое, ки дар донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, масъалаи сахт аст. Касби омӯзгорӣ дар Тоҷикистон ҳамоно аз касбҳои камдаромад боқӣ мемонад. Ба ҳисоби миёна, як омӯзгори оддӣ дар Тоҷикистон ҳудудан 100 сомонӣ, муодили 30 доллари амрикоӣ маош мегирад, ки барои рӯзгузаронӣ кифоят намекунад. Аз ҳамин хотир, аксар ҷавононе, ки малакаву дониши кофӣ доранду имкони кор дар созмону ташаккулҳои бонуфуз ва сердаромад, мисли созмонҳои байналмилалиро меёбанд, тарки вазифа мекунанд.

София Арзуманова, омӯзгори забони англисӣ дар радиои Озодӣ аст. Вай дар Амрико муддати як сол роҳҳои таълими забони англисиро омӯхтааст. Вай гуфт, ба андешаи вай, чунин тадбирҳои мақомот наметавонанд натиҷаҳои мусбат ба бор овард. Вай гуфт, бо зӯр маҷбур кардани касе ба коре, ки вай онро намехоҳад ва ба он майл надорад, ин баробар бо азияти инсон аст. Хонум Арзуманова мегӯяд, муаллим дар ин сурат мисли зиндоние мешавад, ки бояд мӯҳлати кори худро дар мактаб пурра ба анҷом расонад. Дар ин сурат, ҳеҷ манфиате аз кори ӯ ба даст нахоҳад омад.

Масъалаи дигаре, ки ҷавонҳоро аз интихоби пешаи омӯзгорӣ нигаҳ медорад, то андозае бенуфуз шудани ин ихтисос мебошад. Замони шӯравӣ, ба хотири маоши кофиву имтиёзҳои мухталифи омӯзгорон, мавҷудияти низоми ташвиқу пуштибонии муаллимони мактабҳои миёна, мисли озмунҳои касбиву нашри адабиёти методикӣ барои муаллимон, илова ба ин, қадрдонии омӯзгорони хуб бо унвонҳои баланд ба обрӯи онҳо дар ҷомеа мусоидат мекард. Аммо ҳоло, вожаи "муаллим" ё "муаллима" ба як калимаи кӯча-хиёбонӣ табдил шудааст, ки аз беқадр шудани ин шуғл дар чашми насли ҷавон далолат мекунад.

XS
SM
MD
LG