Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 5 ноябр, қонунгузорон ва ҳизбҳои сиёсии Покистон қарор аст, даст ба тазоҳуроти саросарӣ зананд.

Инчунин, тазоҳуроти журналистон низ барои рӯзи дуюм идома хоҳад кард. Кормандони расонаҳои хабарӣ зидди манъи фаъолияти мавҷгирҳо ва шабакаҳои хусусии телевизионӣ дар кишвар эътироз мекунанд.

Ба хотири муқобила бо мухолифатҳои ҷомеа аз ҷоришавии ҳолати изтирорӣ дар Покистон, 4 ноябр, мақомот ба раҳбарони мухолифин ва фаъолони ҳуқуқи башар ҳамла намуданд. Сухангӯи лигаи мусалмонони "Навоз" Аҳсан Иқбол гуфт, ки полис даҳҳо раҳбарони баландпоя ва коргарони онҳоро боздошт кардааст. Муовини раиси ин ҳизб Ҷовид Ҳошимӣ дар манзили худ боздошт ва сиёсатмадори дигар - Имронхон ба зиндони хонагӣ андохта шуд. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ инчунин раиси Камиссиюни ҳуқуқи башари Покистонро боздошт карданд.

Нахуствазири Покистон Шавкат Азиз гуфт, ки дар қаламрави Покистон ҳудудан 400 то 500 боздошти пешгирикунанда анҷом шудааст. Дар як нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигорон оиди шарҳи вазъи баамаломада оқои Азиз аз иқдоми ҳукумат ҳимоят кард ва гуфт, чунин чораҳо ба хотири тазмини муқаррароти ҳукумат, барқарории қонун ва амният, маҳдудсозии ифротгароӣ ва ба хотири тавозуни ҳама зинаҳои сохтори давлатӣ - ҳукумати иҷроия, адлия ва қонугузорӣ карда мешавад.

Раисҷумҳур Парвиз Мушарраф дар Покистон ҳолати изтирориро ҷорӣ кард ва бо ин амри худ, фаъолияти қонуни асосиро боздошта инчунин раиси нави додгоҳи олиро таъйин кард.

Дар ҳамин ҳол, вазири иттилооти Покистон Тариқ Азимхон гуфт, баргузории интихоботи саросарии кишвар, ки ба моҳи январ таъйин шуда буд, баъди ҷорисозии ҳолати изтирорӣ бояд ба таъхир афтад. Нахуствазир Шавкат Азиз гуфт, интихоботи парлумонии Покистон бо ҳамин сабабҳо шояд барои қариб як сол мутаваққиф шавад. Вай афзуд, ҳукумат ба тааҳҳудоти демократии худ побанд мемонад, аммо бо сабаби ҳолати изтирории кишвар, мӯҳлати фаъолияти парлумон, ки ин моҳ ба анҷом мерасад, то як соли дигар тамдид мешавад.

Собиқ нахуствазир Беназир Бҳутто тахмин зад, ки ҳолати изтирорӣ дар кишвар бо масъалаи муборизаи терроризм ҳеҷ иртибот надорад. Ба қавли ӯ, баҳонаи аслии Мушарраф барои ҷорисозии ҳолати изтирорӣ ин ҷилавгирӣ аз ҳукми додгоҳи олии Покистон аст, то ки интихоби дубораи Парвиз Мушаррафро ба мансаби раёсатҷумҳурӣ ғайриқонунӣ арзёбӣ накунад.

Чунин иқдоми мақомоти Покистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ интиқод шуд. Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфт, амри эълони ҳолати изтирорӣ дар Покистон аз ҷониби раисҷумҳур Парвиз Мушарраф боиси он мешавад, ки ИМА ирсоли кӯмакҳои худро ба Покистон бознигарӣ мекунад. Дар тӯли 5 соли охир ИМА ба Покистон беш аз 10 миллард доллар кӯмак кардааст. Аммо вай азфуд, ки ИМА ният дорад ҳамкориро бо Покистон дар барномаҳои зиддитеррористӣ идома диҳад.

XS
SM
MD
LG