Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Косово аз сар гирифта мешавад


Имрӯз қарор аст музокироти таъйини сарнавишти ояндаи Косово миёни мақомоти Сербистон ва минтақаи албанитабори Косово аз сар гирифта шавад. Ба ҳайси миёнҷии ин музокирот, ки дар Венаи Австрия баргузор мешавад, фиристодаҳои ИМА, Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, ки ин гурӯҳи сегона хулосаҳои худро ба манзури СММ дар таърихи 10 декабр пешкаш кунад. Бино ба таҳдидҳои раҳбарони албанитабори Косово ин таърих чун рӯзи истиқлолияти вилояти ҷудоихоҳ эълон хоҳад шуд. Сербистон ва Русия шадидан зидди истиқлолияти Косово эътироз доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG