Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии роҳҳои муқобила бо нашъа дар Ашқобод


Имрӯз, 5 ноябр, дар Ишқободи Туркманистон нишасти чаҳоррӯзаи байналмилалӣ дар масоили муборизаи муштарак алайҳи гардиши маводди мухаддир ба кори худ шурӯъ мекунад.

Қарор аст, дар ин ҳамоиш мушкилоти ҳамоҳангсозии нерӯҳо дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва таъмини равобити ҳуқуқӣ дар ин иртибот муҳокима шаванд.

Дар нишасти мазкур иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Интерпол ва ниҳодҳои зирабт аз 20 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш масъулини Ожонси назорат бар гардиши маводди мухаддир намояндагӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG