Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангиёни толибон беш аз 200 сарбозро озод карданд


Ҷангиёни рӯ ба толибони Покистон дар минтақаи қабилаии наздимарзӣ бо Афғонистон 221 сарбози артиши Покистонро, ки моҳи август рабуда шуданд, озод карданд.

Сухангӯи аршади нирӯҳои Покистон генерал-майор Воҳид Аршад гуфт, сарбозон ба қароргоҳҳои худ дар Вазиристони ҷанубӣ, маҳалли боздошти ин сарбозҳо аз ҷониби як фармондеҳи толибон бо исми Байтуллоҳ Мақсуд бозгардонида шуданд.

Озодшавии сарбозон бо талошҳои ҷирга ва ё шӯрои ришсафедони қабилаӣ дар Вазиристони ҷанубӣ даст додааст.

XS
SM
MD
LG