Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар вилояти Хатлон як намояндаи ҳокимияти маҳаллӣ барои ришваситонӣ дастгир шудааст.

Раиси ҷамоъати Оқгазаи ноҳияи Вахш Садриддин Шамсиддинов барои тамаъ кардани 2000 доллар ҷиҳати ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва ҳангоми гирифтани 1000 доллари он аз сокини ҳамин ҷамоъат Қутбиддин Бадриддинов аз сӯи кормандони хадамоти амнияти миллӣ ва раёсати Ожонсии зидди фассоду ҷиноёти молӣ дар вилояти Хатлон дастгир шуд.

Гуфта мешавад, С. Шамсиддинов ҳамчунин аз шаҳрвандон Худойбердиев ва Мирзомуродов, сокинони ҳамин ҷамоъат, барои ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 600-долларӣ ришва ситонидааст.

Дар ҳоле ки дар вилоят ин 29-умин ҳодисаи ришваситонист, аммо маротибаи авваласт, ки маҳз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ дастгир мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Сабзаалӣ Одинаев, намояндаи Ожонсии мазкур хабар дод.

Ҳамчунин иттилоъ дода мешавад, ки 2 додварзи додгоҳҳои ноҳияҳои Қабодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон аз сӯи дастгоҳи марказии Ожонсии зидди фассод ва ҷиноёти молии Тоҷикистон барои гирифтани ришва дастгир шудаанд, ва феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG