Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои молӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз созмонҳои байналмилалии молӣ тақозо кард, то барои таҳияи тарҳи истифодаи оби кӯли азими Сарез кӯмакӣ молӣ кунанд. Рӯзи шанбе, 3 ноябр зимни нишасти вазирони кишварҳои узви Барномаи ҳамкориҳои минтақаии Осиёи Марказӣ дар Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дигарбора гуфтааст, бо истифода аз кӯли Сарез метавон то 40 миллион нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин кард. Кӯли Сарез бо 17 миллиард метри мукааб об дар баландии бештар се ҳазор метр аз сатҳи баҳр дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҷойгир аст ва донишмандон хатари кандашавии онро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG