Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Ангела Меркел доир ба Афғонистон


Ангела Меркел садри аъзами Олмон гуфт, интизор дорад, ки нерӯҳои кишвараш дар Афғонистон барои дарозмуддат хидмат хоҳанд кард. Пас аз нахустин сафараш ба Афғонистон дар рӯзи шанбе Ангела Меркел ҳамчунин ба телевизиони ARD-и Олмон гуфт, нерӯҳои Афғонистон бояд масъулияти бештари таъмини амнияти кишвари худро бар ӯҳда бигиранд. Пештар аз ин Ангела Меркел ҳангоми мулоқот бо Ҳомиди Карзай раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки масъалаи васеъ кардани тамрини нерӯҳои пулиси маҳаллӣ аз тарафи Олмонро баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG