Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти нави Амрикову Эрон


Сафири Амрико дар Бағдод Райан Крокер гуфт, қарор аст, дар ояндаи начандон дур бо ҳамтоии эронии худ масъалаи Ироқро баррасӣ кунад. Аммо ӯ санаи мушаххаси мулоқотро эълом накард. Сафирони Амрикову Эрон дар Бағдод то кунун се маротиба дар ин шаҳр доир ба вазъияти Ироқ гуфтӯгу кардаанд. Иёлоти Муттаҳида Эронро ба дахолат ба умури дохилаи Ироқ муттаҳам мекунад ва вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс гуфтааст, ки гуфтӯгуҳои пешин бо Эрон ҳеҷ гуна натиҷа надодаанд.

XS
SM
MD
LG