Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаҳои нави кӯмак ба Ироқ


Ҳамойиши байналмилалӣ дар мавриди ба эътидол овардани вазъи Ироқ дар шаҳри Истанбул ба поён расид ва даҳҳо кишвару созмонҳои байналмилалӣ ваъда доданд, ки ба ҳукумати Ироқ дар роҳи хотима додан ба тероризм кумак мекунанд.

Дар баёнияе, ки дар поёни ҳамоиши дуруза нашр шуд, ҳамчунин омадааст, ки бояд кӯмак кард, то хоки Ироқ ҳамчун пойгоҳ барои ҳамла ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя истифода нашавад.

Ҳадафи аслии ҳамоиши Истанбул баррасии роҳҳои таҳкими амният дар Ироқ буд, вале танишҳо дар марзи Туркияву Ироқ ба ин ҳамоиш соя афканд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG