Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон қарзи нав мегирад


Дар Душанбе дар ҷараёни нишасти вазирони кишварҳои узви Барномаи ҳамкориҳои минтақаии Осиёи Марказӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) аз рӯи лоиҳаи «Идораи таҳдиди обхезиҳо дар вилояти Хатлон» як тавофуқномаи вомӣ ба имзо расид. Ҳаҷми умумии ин лоиҳа $27,7 миллионро ташкил медиҳад, ки $22 миллиони он воми БОР ва $5,7 миллиони дигар саҳми ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи мазкур ба беҳбудбахшии вазъи иҷтимоъиву иқтисодии аҳолӣ, коҳиши хатари обхезиҳо ва дар (навоҳии Восеъ, Фархор, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ равона гардидааст, ки дар давоми 5 сол иҷро мегардад. Ин қарз ба мӯҳлати 32 сол дода мешавад.

XS
SM
MD
LG