Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ: Ироқ бо Туркия аст


Имрӯз сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ ваъда дод, ки барои рафъи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ бо ҳамсоякишварҳояш ҳамкорӣ менамояд.

Ба қавли Ал-Моликӣ Ироқ набояд ба пойгоҳи ҳамлаҳо болои мамолики ҳамсоя табдил ёбад. Сарвазир Ироқ даъват кард, ки назорати марзҳо таҳким ёбад.

" Бӯҳрони ҳозира ба равобити мо бо ҳамсояамон Туркия таъсире нахоҳад дошт. Мо дар мубориза бо терроризм, ки ҳам ба мардуми Туркия ва ҳам ба мардуми Ироқ таҳдид дорад, ҳамкорӣ мекунем. Мо дар бораи таҳдиде, ки аз сӯи даҳшатафканон ба амнияту суботи дӯстамон Туркия расонида мешавад, огаҳ ҳастем."

Дар мулоқоти Истанбул котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс, намояндагони воломақоми Ироқ, Туркия, панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва фиристодаҳои ҳашт кишвари саноатии олам маъруф бо номи ҳаштгонаи бузург ҳузур доранд.

Туркия аз ИМА ва Ироқ талаб кардааст, бар муқобили ҷудоихоҳони курди Туркия, ки дар шимоли Ироқ паноҳ бурдаанд, иқдом намоянд. ИМА изҳор намуд, ки дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои ҷудоихоҳони курд ёрӣ мерасонад. Дар айни замон Вашингтон аз Туркия дархост намуд, аз таҳаммул кор гирифта, болои пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ ҳамла накунад.

XS
SM
MD
LG