Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш муштзани рус дар финал


Шаш муштзани Русия ба ҳунарнамоии ниҳоии мусобиқаи ҷаҳонии бокс дар шаҳри Чикагои ИМА роҳхат гирифтанд. Бар иловаи онҳо имрӯз дар қуваозмоиҳо барои медали тиллои чемпионати ҷаҳон муштзанҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Украина иштирок мекунанд. Куба ягон муштзанро ба Чикаго нафиристод.

Зоҳиран мансабдорони Куба аз он нигарон буданд, ки варзишгаронашон баъди мусобиқа ба ватан барнамегарданд. Он варзишгароне, ки дар Чикаго пешдаст мешаванд, ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпии соли оянда дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чинро пайдо мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG