Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ангела Меркел ба Кобул


Садри аъзами Олмон хонум Ангела Меркел ғайримунтазира ба Афғонистон сафар кардааст. Назар ба гузоришҳои расида бо сабабҳои амниятӣ то замони фуруди ҳавопаймои Меркел дар Кобул иттилоъ дар бораи ин зиёрати раҳбари олмонӣ пинҳон нигаҳ дошта шуд. Дар барномаи сафари Меркел мулоқот бо президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар мадди назар аст. Дар Афғонистон се ҳазор сарбози олмонӣ дар сафи нерӯҳои байналмилалии зери раҳбари паймони Нато ифои вазифа мекунанд.
XS
SM
MD
LG