Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти вазирони ҳашт кишвар дар Душанбе


Конфронси 6-уми вузарои кишварҳои узви Барномаи ҳамкории минтақаии Осиёи Марказӣ имрӯз дар Душанбе оғоз гардид. Дар ин мулоқот вазирону ашхоси баландмартабаи расмии 8 кишвари узв - Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Узбакистон – ҳамчунин намояндагони 6 ниҳоди байналмилалии ҳамкор дар ин барнома иштирок доштанд. Иштироккунандагони мулоқот масоили марбут ба роҳҳои таъаммуқи ҳамкорӣ ва ҳамгироии муассир бо бозорҳои ҷаҳониро баррасӣ менамоянд.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки вазирон дар робита ба ду ташаббуси калонмиқёси таҳкимбахши ҳамкориҳо – стротежӣ оид ба нақлиёту мусоидат ба тиҷорат ва таъсиси институти барнома табодули назар намоянд. Барномаи ҳамкориҳои минтақаии Осиёи Марказӣ аз тарафи Бонки осиёии Рушд соли 1997 шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG