Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи буҷаи соли 2008 тасвиб шуд


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи ҷумъа тарҳи буҷаи давлатии кишвар барои соли 2008 ба тасвиб расонданд. Соли оянда хароҷот дар буҷаи Тоҷикистон бештар аз 2 миллиарду сесад миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки назар ба даромади буҷаи 74 миллион сомонӣ бештар аст. Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов, буҷаи соли ояндаро буҷаи иҷтимоӣ номида гуфтааст, ки соли 2008-ум маблағгузориҳои бахшҳои маориф ва беҳдошт беш аз 45 дар сад хоҳад афзуд. Ба қавли ӯ дар буҷаи соли оянда, ҳамчунин барои корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун бештар аз 30 миллион доллар ихтисос дода шудааст.
XS
SM
MD
LG