Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов меҳмони Иттиҳодияи Аврупо


Қарор аст, ҳафтаи оянда раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба хотири дидор бо мақомоти олирутбаи Иттиҳодияи Аврупо ба Брюссел сафар кунад.

Дар ҷараёни ин сафар ба Белжик Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо президенти Кумиссиёни Аврупо Хосе Мануэл Барросо, комиссионери умури хориҷаи ин кумиссиён Беннито Ферреро Валднер ва кумиссионери тиҷорат Питер Манделсон мулоқот анҷом диҳад.

Мавзӯъи асосии ин мулоқот содироти нафту гази Туркманистон ба бозорҳои Аврупоӣ унвон шудааст. Ҳамчунин интизор меравад, ки раиси ҷумҳур Бердимуҳаммадов бо раҳбарони ширкатҳои бузурги энержии Аврупо доир ба роҳҳои алтернативии содироти нафту гази Туркманистон суҳбат кунад.

XS
SM
MD
LG