Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии бӯҳрони ҳастаии Эрон дар Лондон


Николас Бурнс, ноиби вазири умури берунаи Иёлоти Муттаҳида

Николас Бурнс, ноиби вазири умури берунаи Иёлоти Муттаҳида

Панҷ кишвар, панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ бо изофаи Олмон имрӯз дар Лондон, пойтахти Бритониё, масъалаи таҳримҳои минбаъдаи зидди Эронро баррасӣ мекунанд ва пеш аз оғози нишаст, ноиби вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Николас Бурнс як ишора кард, ки мавзӯъи асосии нишасти Лондон мутақоид кардани Русия ва Чин дар зарурати таҳия ва эълони тарҳимҳои нав аст. Ҷаноби Бурнс гуфт, моҳҳост, ки Маскав ва Пекин аз басти саввуми таҳримҳои зидди Эрон пешгирӣ мекунанд, ҳарчанд дар кул бо мавзеъгирии умумӣ дар баробари барномаи ҳастаии Эрон мухолифат надоранд.

"Мо созише дорем, ки ҳамаи мо аз Шӯрои амнияти Созмони Милал пуштибонӣ мекунем. Мо аз маъракаи Шӯрои амният барои расидан ба қатъи ғанисозии ураниум ва фаъолиятҳои такрорӣ ҳимоят мекунем ва мехоҳем, қатъномаи Шӯрои амниятро дар бораи таҳримҳои нав ба пеш ҳаракат диҳем, то замоне ки Эрон ғанисозиро қатъ кунад.

Бурнс як изофаи муҳиме ҳам кард, ки агар Пекин ва Маскав ҳамоно ба ҳама гуна таҳримҳои нави Шӯрои амният монеъ шудан гиранд, Вошингтон мумкин аст, роҳи дигареро ҷустуҷӯ кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Вошингтон аз роҳҳои дигар низ фишор ба Эронро афзоиш медиҳад, чунончи, моҳи гузашта бар зидди бахшҳои бонкӣ ва ҳарбии Эрон таҳримҳои якҷониба эълон кард.

Матбуоти Русия имрӯз ба ҳамин нукта ишора карда, менависад, ихтилофи Маскав бо Вошингтон на куллӣ, балки ҷузъист. Аммо як матлаби ҷолибе низ чоп шудааст, ки тибқи он Маскав гӯё дониста, масъаларо кашол медиҳад, то масъалаи Эронро бо сипари зиддимушакии Амрико марвиди тиҷорати сиёсӣ қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG