Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Табаско зери об монд


Дар ҷануби Мексико амалиёти густардаи наҷотбахшӣ идома дорад – бар асари боронгариҳои пайвастаи рӯзҳои ахир ёлати Табаско қариб, ки комилан зери об мондааст.

Чунин обхезӣ дар Мексико барои нахустин бор дар ним қарни ахир рух додааст. Ба иттилоъи расмӣ, беш аз миллион нафар бехонау ҷой монда тақрибан 300 ҳазор нафар дар асорати обхезӣ мондаанд. Қариб ҳамаи ҳосили парвардаи кишоварзон нобуд шудааст.

Филипе Калдерон – раисиҷумҳури Мексико вазъро чун "наздик ба фоҷиа" арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG