Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мушак дар Вазиристони Шимолӣ


Бар асари инфиҷори мушак дар вилояти Вазиристони шимолии Покистон дасти кам 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ ва шоҳидони ҳодиса хабар доданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ин мушак аз кадом самт ва аз сӯи кадом гурӯҳ партоб шудааст. Вазорати дифоъи Покистон изҳор кард, ки артиш ба ин ҳодиса ягон рабт надорад. Ҳайати фармондеҳии неруҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса иттилое зери дасташ нест. Дар ин минтақаи Покистон гурӯҳҳои боқимондаи Толибон ва мусаллаҳони созмони "Ал-Қоида" панаҳ бурдаанд.

XS
SM
MD
LG