Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти мухолифин дар Тифлис идома дорад


Имрӯз ҳудуди 40 ҳазор ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон аз раисиҷумҳур Михаил Саакашвили талаб карданд, ки дар мавриди баргузор шудан ё нашудани интихоботи қабл аз вақт ба порлумони Гурҷистон дар моҳи апрели соли 2008 посух диҳад. Мақомоти Гурҷистон қаблан эълом доштанд, ки интихобот ба порлумон тирамоҳи соли оянда баргузор мешавад. Ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар канори бинои порлумони Гурҷистон ҳамчунин ба Комиссиюни марказии интихобот шомил кардани намояндагони ҳама неруҳои сиёсии кишвар ва аз зиндон раҳо кардани маҳбусони сиёсиро низ талаб доранд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин бузургтарин тазоҳуроти мухолифин баъд аз "инқилоби садбарги"-и чаҳор соли пеш дар Гурҷистон аст.

XS
SM
MD
LG