Пайвандҳои дастрасӣ

М. Ҳараштӣ: Матбуот бояд худнигар низ бошад


Миклош Ҳарашти, намояндаи САҲА дар бахши озодии матбуот

Миклош Ҳарашти, намояндаи САҲА дар бахши озодии матбуот

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бахши озодии матбуот Миклош Ҳараштӣ.

- Оқои Ҳараштӣ, сабаби ба миён гузоштани масъалаи таъсиси як Шӯрои матбуотӣ чӣ буд ва тавассути он вазъи матбуот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон то чи андоза беҳ мешавад?

- Таъсиси Шӯрои матбуот барои расонаҳои гурӯҳии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз он лиҳоз муҳим аст, ки бад-ин васила онҳо метавонанд фаъолияти худро танзим намоянд. Худтанзимкунӣ корест, ки дар Ғарб ихтироъ гардида ва хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ва он нусхаи чизе нест, ки бархе аз ҳукуматҳо мехоҳанд барои танзими расонаҳо ҷорӣ кунанд. Баракс, ин ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва ҷомеа аст. Худтанзимкуниро барои он ихтироъ кардаанд, ки эътимоди ҷомеа ба расонаҳоро ба даст оранд ва он, албатта, худсонсурӣ ё сонсури давлатӣ намебошад. Расонаҳо дар ҳама ҳолат бояд озодии комили худро нигаҳ доранд, дар мавриди он ки роҷеъ ба чи гузориш менависанд, чи гуна гузориш менависанд ва назари киро мегиранд. Дар маҷмӯъ, худтанзимкунӣ ин аст, ки барои мисол рафту агар журналисте ягон иштибоҳе кард, дар ин бора бояд ҳамкорони ӯ ҳарф зананд, онро ислоҳ намоянд ва кор то ба додгоҳу додрасҳо нарасад.

- Шумо дар мавриди вазъи кунунии матбуот ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ дар Тоҷикистон чӣ назар доред?

- Дар ин бора мухтасар ҳарф мезанам, зеро ягон бор сафари вижае бо ҳадафи омӯзиши вазъи матбуот дар Тоҷикистонро надоштем. Мехоҳем, ки чунин як сафаре ба анҷом бирасад, то имкон дошта бошем, ки баҳои пурра ва возеҳи худро бигӯем. Аммо медонам, ки дар Тоҷикистон андаке плюрализм ё чандандешӣ вуҷуд дорад ва он ҳам бештар дар расонаҳои чопӣ. Плюрализм метавонист дар радиову телевизиони ин кишвар низ бештар бошад. Вале дар радиову телевизион назарҳо на ба андозае мухталифанд, ки ба эҳтимоли қавӣ дар ҷомеа ҳастанд. Расонаҳои чопӣ аксаран мустақиланд, аммо вазъ ҳамоно сард аст ва он дорои иллатҳои иқтисодӣ ва маъмурист. Бубинед, расонаҳои чопӣ ҳанӯз дар мавриди интишор мушкил доранд, дар мавриди обуна мушкил доранд ва ғайра. Аммо дар охир мутманиам, ки ҳамаи 56 кишвари узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бандҳои марбут ба ҷазо барои бархе аз иштибоҳоти журналистӣ, аз ҷумла маълумоти ғалат ва ё нодурустро паҳн кардан, ки дар Кодекси ҷиноӣ аст, ба Кодекси шаҳрвандӣ гузаронанд, то баррасии онҳо на дар додгоҳҳои ҷиноӣ, балки дар догоҳҳои шаҳрвандӣ сурат бигирад.

- Оқои Ҳараштӣ, ба фикри Шумо, матбуоти Тоҷикистон пойбанди кадом мушкилиҳои умда аст ва оё роҳҳали он вуҷуд дорад?

- Маъмулан дар расонаҳое, ки бештари мардум аз он иттилоъ мегиранд, чандандешӣ кам дида мешавад. Ин на танҳо хоси давлати Тоҷикистон, балки хоси кишварҳои минтақа низ мебошад. Вазъи матуботи мустақил ба қадри кофӣ заъиф аст, аз нигоҳи иқтисодӣ ва маъмурӣ. Дар ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоно матбуоти давлатӣ вуҷуд дорад. Дар давлатҳои демукросӣ ниёз ба матбуоти давлатӣ нест ва набояд матбуоти давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Як мушкили ҳамешагии дигар ин сабтиноми расонаҳост. Фикр мекунем, ки расонаҳои чопӣ бояд мақомотро танҳо аз мавҷудияти худ ва рӯи кор омаданашон огоҳ кунанду халос, на ин ки иҷозаи расмӣ бипурсанд. Низоми сабти ном бояд осон карда шавад, яъне он фақат дар заминаи огоҳ кардан, на иҷозат пурсидан, сурат бигирад. Ва як мушкили дигаре, ки мо дорем ин аст, ки мақомот талош мекунанд интернетро ба танзим оранд. Ҳол он ки ба фикри мо интернет саросарӣ аст ва танзими он имконнопазир мебошад. Ин аст, ки интернет нисбат ба талошҳои танзим сареътар рушд мекунад.

XS
SM
MD
LG