Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошубгарон асирони ҳукуматиро озод карданд


Чилу ҳашт сарбози нерӯҳои ҳукуматии Покистон, ки дар дараи Свати Вилояти марзии Шимолу ғарбӣ ба дасти ошубгарон асир афтода буданд, имрӯз раҳо карда шуданд. Қабл аз ин ошубгарон дар шаҳри Чаробоғ ин асиронро ба хабарнигорон намоиш доданд ва гуфтанд, ки ҳамаи онҳо ихтиёрӣ таслим шудаанд.

Дар дараи Сват шурӯъ аз рӯзи панҷшанбе гузашта миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони раҳбари мазҳабии минтақа, ки хостори ҷорӣ кардани қавонини шариат шудааст, даргириҳо идома доранд. Ба иттилоъи расмӣ, низоъ баъди он шурӯъ шуд, ки ошубгарон ба постгоҳи пулис ҳамла карда онро таҳти назорат дароварданд. Ба думболи ин ҳукумат теъдоди зиёди низомиёнро ба ин минтақа интиқол дод. Ба иттилоъи вазорати дифоъи Покистон, дар задухурдҳои рӯзҳои ахир тақрибан 70 тан аз ошубгарон ва чанд тан аз сарбозони ҳукуматӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG