Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Бонки Осиёии Рушд ба Душанбе омад


Имрӯз раиси Бонки Осиёии Рушд Харухико Курода вориди Душанбе гардид. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии боздиди ӯ аз Тоҷикистон ширкат дар конфронси байнулмилалии Созмони минтақавии ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ (CARES) мебошад, ки фардо дар Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, раиси ин бонк дар чаҳорчуби сафараш ҳамчунин бо раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугу анҷом хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG