Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон сармураббии ҳиндуро аз кор маҳрум карданд


Сармураббии ҳамакнун собиқи Бангладеш пас аз бозӣ бо Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. Бо чеҳраи маҳзун

Сармураббии ҳамакнун собиқи Бангладеш пас аз бозӣ бо Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе. Бо чеҳраи маҳзун

Федератсияи футболи Бангладеш шартномаи сармураббии тими футболи ин кишвар Сайид Найимуддинро пас аз бохт бо ҳисоби калон дар бозӣ бо Тоҷикистон лағв намуд.

Федератсияи футболи Бангладеш гуфтааст, ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки тими футболи кишвар дар сабқати интихоби Ҷоми Ҷаҳон ба нокомӣ дучор шуд. Тими футболи ин кишвар пас аз мусовӣ дар майдони худ бо Тоҷикистон бо ҳисоби 1-1, дар бозии ҷавобӣ дар Душанбе бо ҳисоби 0-5 мағлуб гардид.

Федератсияи футболи Бангладеш ин мағлубиятро барои бекор намудани шартнома бо сармураббӣ сабаби кофӣ хондааст.

Дабири кулли федератсияи футболи Бангладеш Манзур Ҳусайн Малу ба нашрияи The Daily Star гуфтааст, шурӯъ аз моҳи ноябр онҳо аз хидмати собиқ сармураббии ҳиндуи худ даст кашидаанд.

Худи Сайид Найимуддин ба нашрияи фавқуззикр гуфтааст, ки ин тасмим барои тими мунтахаб мушкилоти зиёде пеш хоҳад овард.

Ӯ ҳамагӣ се моҳ бо тими Бангладеш кор кард.

XS
SM
MD
LG