Пайвандҳои дастрасӣ

Паради асирон дар Чаробоғ


Ошубгарони мусаллаҳи Вилояти марзии шимолу ғарбии Покистон имрӯз дар шаҳри Чаробоғ 48 сарбози асируфтодаи неруҳои ҳукуматиро ба хабарнигорон намоиш доданд. Мухолифин мегӯянд, ки сарбозҳо дар ҷараёни задухурдҳо дар дараи Сват ихтиёрӣ таслим шудаанд.

Дар Сват як ҳафта пеш миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони раҳбари мазҳабии минтақа, ки хостори ҷорӣ кардани қавонини шариат шудааст, даргириҳои шадид шурӯъ шуданд. Дирӯз вазорати дифоъи Покистон хабар дод, ки дар задухурдҳои рӯзҳои ахир тақрибан 70 тан аз ошубгарон ба ҳалокат расидаанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар Сват чанд тан аз сарбозони покистонӣ кушта шуда ва даҳҳо нафари дигар бе ному нишон ғайб задаанд.

XS
SM
MD
LG