Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини гурҷӣ ба хиёбонҳои Тифлис рехтанд


Дар Тифлис гирдиҳамоии ҷонибдорони аҳзоби мухолифини ҳукумат шурӯъ шуд. Талаби аслии эътирозгарон – баргузории интихоботи қабл аз вақт ба порлумони Гурҷистон дар моҳи апрели соли 2008 ва аз зиндон раҳо кардани маҳбусони сиёсист. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ мегӯянд, ки дар нимаи дуввуми рӯз тақрибан сад ҳазор нафар ба хиёбонҳои шаҳр мерезанд – чаҳор сол пеш ҳангоми “инқилоби садбаргӣ”, ки бар асари он раисиҷумҳури феълӣ Михаил Саакашвили сари қудрат омад, дар Тифлис ҳамин теъдод эътирозгарон ҷамъ омада буданд.

Пулис хиёбону паскӯчаҳои маркази Тифлисро бастааст. Ҳамзамон мақомот иттилоъ дар мавриди вуруди неруҳои низомӣ ба пойтахтро рад мекунанд.

Бегаҳи дирӯз дар канори бинои порлумони Гурҷистон гирдиҳамоии ҷонибдорони мухолифин баргузор шуд. Дар ин намоиши эътирозӣ асосан онҳое ширкат доштанд, ки тавассути автобусҳо аз манотиқи гуногуни кишвар ба Тифлис омадаанд.

XS
SM
MD
LG