Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ хостори тафтиши амиқи куштори хабарнигор шуд


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ, мақараш дар Ню Йорк, аз рафти тафтиши парвандаи куштори хабарнигори мустақил Алишер Соҳибов дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Масъулини Кумита бо пахши як баёния хостори бозрасии амиқ, воқеъбинона ва бетарафонаи парванда шудаанд, ба вижа, ки тибқи яке аз фарзияҳо Алишер Соҳибов барои фаъолияти хабарнигорӣ кушта шудааст. Чанд рӯз пеш вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабарнигорро дар равобити наздик бо раҳбарони Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Ҳизбуттаҳрир - ду ниҳоди дар Осиёи Марказӣ мамнӯъ айбдор карда буд.

Алишер Соҳибов – сардабири нашрияи узбакзабони “Сиёсат”, гузоришгари радиои Садои Амрико ва таҳлилгари Родиёи Озодӣ буд ва дар гузоришҳояш аз сиёсати раисиҷумҳури феълии Узбакистон Ислом Каримов интиқод мекард. Ӯ 24 октябр дар шаҳри Уш - воқеъ дар ҷануби Қирғизистон ҳадафи тир қарор гирифт. Чанд рӯз пеш аз куштор Алишер ба дӯстонаш гуфта буд, ки кормандони кашфи Узбакистон ӯро таъқиб мекунанд.

XS
SM
MD
LG