Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» барои ҳалли масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон ба Тошканд сафар кардааст.

Дар ширкати «Барқи Тоҷик» ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бо гузашти ду рӯз аз таърихи ваъдагӣ ҳанӯз ҳам интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон шурӯъ нашудааст.

Сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» гуфт, иллати ин таъхир идомаи корҳои техникии барқарорсозии шабакаҳои тахрибшудаи барқ миёни Туркманистон ва Узбакистон будааст.

Вале коршиносон мегӯянд, иллати аслӣ таъхири Тошканд дар тронзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистон мебошад. Аммо Барқи Тоҷик ин иддаоро тасдиқ ё такзиб накард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи мақомоти ширкати «Барқи Тоҷик», қарор аст, ин масъала дар сатҳи мулоқоти сарвазирони кишварҳо дар Тошканд баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG