Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ҳукми зиндони хабарнигори озарӣ нигарон аст


ИМА нисбати ҳукми нави зиндон барои як хабарнигори озарбойҷонии интиқодгари шадидлаҳни ҳукумат изҳори нигаронӣ кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Том Кейси гуфт, ҳукми нави зиндон, ки нисбати Айнулло Фатҳуллоев содир шудааст, ба назар мерасад, кӯшиши мақомоти Озарбойҷон барои "хомӯш кардани садои танқид ва хафасозии озодии баён" мебошад. Як додгоҳе дар Озарбойҷон ҳафтаи ҷорӣ ин хабарнигори озариро бо гуноҳи кӯшиши таҳдиди террористӣ кардану барангехтани низои миллӣ ба ҳашту ним сол равонаи зиндон кард. Вай моҳи апрел бо иттиҳомоти дигар ба дую ним соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG