Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини Гурҷистон ба тазоҳурот омода мешаванд


Дар Гурҷистон пуштибонони мухолифин имрӯз ба баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ зидди раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ омодагӣ мебинанд. Мухолифин Саакашвилии ғарбгароро дар сиёсати худкома, аз байн бурдани дигарандешӣ ва хиёнат ба арзишҳои инқилоби садбаргии соли 2003, ки сабаби сари қудрат омадани вай шудааст, муттаҳам мекунанд. Мухолифин хостори баргузории интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ ва аз байн бурдани низоми президентӣ мебошанд. Онҳо мегӯянд, ки интизор доранд ҳазорҳо пуштибононашон имрӯз дар баробари парлумон гирди ҳам меоянд. Тибқи гузоришҳо, баъди пахши хабаре, ки мегӯяд, гӯё вазири собиқи дифоъ Иракли Окруашвилӣ алайҳи хости худ ба хориҷа истирдод шудааст, таниши ҷомеа боз ҳам шиддат гирифт. Вазорати дохилаи кишвар ин гуна иттиҳомотро рад мекунад. Окруашвилӣ ба наздикӣ баъди бозпас гирифтани иттиҳомоташ алайҳи раиси ҷумҳурӣ Саакашвилӣ, ки ӯро дар ришват ва амри куштори як нафар муттаҳам мекард, аз боздошт раҳо шуд.
XS
SM
MD
LG