Пайвандҳои дастрасӣ

«Тетис петролиум» 8 миллион доллар медиҳад


Саҳми муқаддамотии Ширкати «Тетис петролиум» ба саноъеи истихроҷи нафту гози Тоҷикистон 8 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Ахиран миёни ин ширкати байналмилалӣ ва Корхонаи фаръии истихроҷи нафту гози Ҷануби Тоҷикистон қарордод оид ба шурӯъи коркарди конҳои «Бешкент-1», «Пушун» и «Хоҷасартез» ба тасвиб расид. Умури иктишофӣ қарор аст дар авохири соли ҷорӣ оғоз ёбанд. Тибқи арзёбиҳои муқаддамотӣ, дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон беш аз 50 миллион тонн нафт мавҷуд аст. Вале масъулини ширкати «Тетис петролиум» мегӯянд, анҷом додани корҳои ҳафриётӣ дар ҷануби Тоҷикистон сангин ва гарон хоҳад буд, зеро дар ин ҷо нафту газ ғолибан дар чуқурии то 7 ҳазор метр зери замин ҷой гирифтаанд. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 110 миллион тон нафт ва 863 миллиард метри мукааб газ захира вуҷуд доштааст. Гуфта мешавад, беш аз 80 фисади захираҳои нафту газ дар дар ҷанубу шарқи кишвар маҳфуз будааст.

XS
SM
MD
LG