Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии қимати равғани рустанӣ дар Душанбе


Қимати равғани рустанӣ дар фурӯшгоҳҳои Душанбе якбора боло рафта, нархи 1 литри он ба 8-8,5 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш ин қимат то 5 сомониро ташкил медод. Идораи зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати назди вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, қасд дорад омилҳои болоравии қимати равғани рустанӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро таҳқиқ бикунад. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат мутмаин аст, ки ба боло рафтани нархи равған худи соҳибкорон гунаҳгоранд ва дар пайи омӯзиши вазъ, муҷримин, ба иддаои ин ниҳод, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бархӯрди парлумон ва ҳукумати ин кишварро ба афзоиши қимати маводи ниёзи аввалияро мавриди интиқоди шадид қарор дода, ин ду ниҳодро дар дар бефаъолиятӣ муттаҳам карданд. дар фурӯшгоҳҳои Душанбе якбора боло рафта, нархи 1 литри он ба 8-8,5 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш ин қимат то 5 сомониро ташкил медод. Идораи зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати назди вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, қасд дорад омилҳои болоравии қимати равғани рустанӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро таҳқиқ бикунад. Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат мутмаин аст, ки ба боло рафтани нархи равған худи соҳибкорон гунаҳгоранд ва дар пайи омӯзиши вазъ, муҷримин, ба иддаои ин ниҳод, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бархӯрди парлумон ва ҳукумати ин кишварро ба афзоиши қимати маводи ниёзи аввалияро мавриди интиқоди шадид қарор дода, ин ду ниҳодро дар дар бефаъолиятӣ муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG