Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эврил Левинйе барандаи ҷоизаи MTV дар Аврупо


Ситораи попи Канада Эврил Левинйе барандаи ҷоизаи аслии озмуни мусиқии MTV дар Аврупо шуд. Ин маросим чанд соат пеш дар Мюнҳени Олмон анҷом шуд ва Левинйеи 23-сола дар ин озмун чун беҳтарин хонандаи яккахон шинохта шуд. Ҳамчунин ҷоизаи дигари MTV-и вай ба оҳанги "Girlfriend", барои як таронаи мӯътодкунанда буданаш тақдим шуд. Ҷоизаи MTV барои "Беҳтарин гурӯҳи мусиқӣ" насиби дастаи ҳунарии амрикойӣ Linkin Park шуд. Ҷоизаи "Интихоби ҳунармандон" дар озмуни аврупоии MTV ба овозхони бритониёӣ Эми Вайнҳауз супурда шуд. MTV мегӯяд, ки дар раъйдиҳии мазкур беш аз 50 миллион нафар ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG