Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Истамбул конфронси Ироқ шурӯъ мешавад


Конфронсе, ки мақомоти Ироқ ва ҳамсоякишварҳои атрофи онро ба ҳам меорад, имрӯз дар Истамбули Туркия оғоз ба кор мекунад. Ин нишаст, ки ҳадаф дорад ба мақомоти ироқӣ дар босубот кардани вазъи кишвар мусоидат кунад, дар шароите баргузор мешавад, ки Туркия таҳдид дорад дар марзи шимолии Ироқ зидди шӯришиёни курд мубориза мебарад. Дар ин нишаст қарор аст нахуствазири Ироқ Нурӣ-ал-Моликӣ, вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ, дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва мақомоти панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ширкат кунанд. Қабл аз шурӯи ин нишаст, вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс бояд бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мулоқот кунад. Райс ният дорад Туркияро аз фикри шурӯи амалиёти густардаи марзӣ дар Ироқ боздорад.
XS
SM
MD
LG