Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Луговой дар паси сарқонун пинҳон шудааст"


Ҳамсари собиқ афсари хадамоти ҷосусии Русия Александр Литвиненко, ки як сол пеш дар Лондон бар асари заҳролудшавии радиоактивӣ ба ҳалокат расида буд, президенти Русия Владимир Путинро бо эҷод намудани монеа дар муҷозоти муттаҳами асосӣ айбдор кард.

Марина Литвиненко мегӯяд, муттаҳами асосӣ шаҳрванди Русия Андрей Луговой дар паси қонуни асосии ин кишвар пинҳон шудааст.

Дар ин байн соҳибкор ва собиқ ходими идораи ҷосусии Русия Луговой худро "қурбонии дурӯғи британиявиҳо" эълон кард.

XS
SM
MD
LG