Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифини Кремл раҳпаймоӣ мекунанд


Раҳбари мухолифини ҳукумати Русия Гаррӣ Каспаров аз мардуми ин кишвар даъват кард, ки дуюми декабр варақаҳои раъйдиҳиро ҳамчун рамзи эътироз ба интихобот аз байн баранд. Раҳбари ҷумбиши "Русияи дигар" Каспаров гуфт, ки сарнавишти интихобот дар "сӯҳбатҳои хусусӣ" ҳал хоҳад шуд ва шумораи варақаҳои барғалат пур шуда, нишонии дастгирӣ аз мухолифин хоҳад буд. Ҳангоми мулоқот бо рӯзноманигорон Каспаров афзуд, ки "Русияи дигар" нақша дорад, 24 ноябр дар Маскав ва 25 ноябр дар шаҳри Санкт Петербург раҳпаймоии эътирозӣ ташкил намояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG