Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯшиши кӯдакрабоӣ дар Чад


Созмонҳои байналмилалии кумакрасон мегӯянд, аз байни 103 кӯдаке, ки гурӯҳи фаронсавӣ мехост ҳамчун ятим аз Чад бо роҳи ҳавоӣ берун барорад, аксарият оила доранд. Муассисаҳои СММ ва Салиби Сурх низ таъкид кардаанд, ки аксари кӯдакҳо дар манотиқи назди марзи Чад бо Судон иқомат доштанд. Гурӯҳи фаронсавӣ таъкид мекард, ки ин кӯдакҳо аксаран ятимон аз минтақаи Дорфури Судон ҳастанд ва гурӯҳ ба онҳо ҳаёти беҳтареро дар Аврупо ташкил хоҳад кард. Мақомоти кишвари африқоии Чад нӯҳ шаҳрванди Фаронса ва ҳафт шаҳрванди Испанияро бо иттиҳоми кӯшиши рабудани кӯдакон ба ҳабс гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG