Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳти ҳамин унвон ҳафтанома ба падидаи бисёрникоҳӣ ё полигамия дар Тоҷикистон рӯ оварда, аслан ҷанбаи манфии онро мавриди баррасӣ қарор додаааст. Муаллифи матлаб Тилав Расулзода таъкиди, ба бовари ӯ, аксари коршиносонро низ овардааст, ки «масъалаи бисёрникоҳӣ дар баробари масъалаи ахлоқӣ будан масъалаи иҷтимоъӣ низ ҳаст. Давлат бояддар ҳама ҳолатҳо кафилу замонатгари амалии ҳифзи иҷтимоъии он шаҳрвандоне гардад, ки бо ҳукми тақдир танҳову бекасу пуштибону муҳтоҷ мондаанд».

Ҳафтаномаи «Фараж» дар матлаби асосии шумораи ахири худ «Фоҷиаи қаҳрамони охирини тоҷик» дар бораи марги фоҷиавии қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов, ки бо вуҷуди қаҳрамонии бемисл нишон доданаш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) саломат ба Ватан бармегардад, вале дар давраи ҷанги ахири шаҳрвандии Тоҷикистон аз дасти як ҳамватани ҷоҳилаш ваҳшиёна кушта мешавад, қисми аввали як таҳқиқоти арзишманди журналистиро дар ду саҳифа нашр кардааст.

Инҳам - як пора аз ин матлаб: «Марди рус ба назди амаки Ҳайдар омада, ба ситораи сари синаи ӯ бодиққат назар карда,... дар ҷояш шах шуда монд.

- Бачаҳо, магар шумо девона шудед? Оё медонед, ки шумо Қаҳрамони Иттифоқи Советиро таҳқир карда истодаед? – гуфт ӯ ба забони русӣ...»

«Идеяи миллӣ ва дини ислом дар Тоҷикистони муосир» унвони силсиламатлаби дигари хонданиву баҳсбарангез ин ҳафтанома аст, ки ба қалами муҳаққиқу файласуфи тоҷик Комили Бекзода тааллуқ дорад.

Муҳоҷирати корӣ, ки падидаи ба анъана табдилёфтаи тоҷикистониён аст, мавзӯъи асосии шумораи навини ҳафтаномаи «Миллат» мебошад. Дар сарсухани матлаби «Муҳоҷирони аҷамӣ ё гунг дар Русия», ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст, аз ҷумла омадааст: «Аммо имрӯз боз ҳам нафароне, ки ба машомашон бӯи ҷанг нарасидааст..., мехоҳанд ҳамин муҳоҷири заҳматкашро барои манфиатҳои пурғарази худ суиистифода бикунанд. Зеро ин муҳоҷир ҳуқуқи худро намедонад ва лол аст. Акнун интизор хоҳем буд, ки дар ду Анҷумане, ки ба номи муҳоҷирони меҳнатӣ иртибот мегирад, бо чи дасте ва чи сарнавиште барои онҳо навишта мешавад». Дар идомаи матлаб ҳамчунин чанд суъолгузории посухталаб ироъа мегардад: «Вале оё магар мушкили муҳоҷирон мушкили давлат нест? Чаро ин масъалатанҳо созмонҳои ғайридавлатиро нигарон кардааст? Аз баррасии масъалаи мавҷуда давлат суди бештар хоҳад дошт, ё созмонҳои мазур? Чаро масъулини ҳукумат ҳавсалаи шунидани мушкилоти муҳоҷиратро камтар доранд? Чаро бо гузашти ин ҳама сол ва мушкилоте, ки тавассути тавассути муҳоҷирон бар сари ҳукумат бор аст, ҳанӯз иқдоми ҷиддӣ дар пайи танзими муҳоҷират ва бозҷӯии ҷойҳои нави корӣ дар кишварҳои дигари ниёзманд ба нерӯи кор сурат намегирад?»

Дар ин шумораи худ ҳафтанома қисмати ахири матлаби доманадору бузургҳаҷми академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороиро чоп намудааст. «...азбар кардани шеъру насри волои бузургон имклн медод, ки шогирдон ҳикмати асрҳо, ҳикмати таърихи миллатро... аз худ бикунанд. Савод маънои густурдае пайдо карда, зубдаи таҷрибаитаърихии фарҳангиро фаро гирифта бад. Саводомӯзӣ танҳо ёд гирифтани хондану навиштан набуда, балки фарогирии андӯхтаҳоии маънавии асрҳоро низ то андозае дар бар мегирифт».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон таҳти сарлавҳаи «Таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя бояд воқеӣ бошад» суҳбати ихтисосии худро бо мушовири давлатии адлия Қурбоналӣ Муҳаббатовро ба нашр пешкаши хонандагон намудааст. Дар ин мусоҳиба аслан ҷанбаҳои мухталифи ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва хосса масоъили марбут ба ҳимояи ҳуқуқи гумонбаршавандагону айбдоршавандагон, инчунин заминаҳои пайдоиши институти ҳуқуқ ба ҳимоя баррасӣ гардидааст.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» ҳамчун матлаби асосии шумораи навини худ таҳти унвони «Имрӯз миллатҳо бедоранд...» матни комили суханронии дар Маҷмаъи кулли СММ ироъанамудаи раисиҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро овардааст.

Мавзуъи асосии ин шумораи ҳафтаномаи русизабони «Asia-Plus» беқурбшавии пули миллӣ буда, нашрия зери унвони «Тило, бонкҳо, манзилҳо» таҳқиқоти қурналистии хабарнигори ҳамин ҳафтанома Екатерина Кожевниковаро ба чоп расонидааст. Дар он , аз ҷумла, омадааст, ки дар 10 моҳиаввали имсол сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 12,3 дарсадро ташкил дод ва ин рақам 1,4 маротиба аз сатҳи солонаи қаблан пешгӯишаванда зиёдтар мебошад. «Дар назди мардуми одии кишвар суъоли ҳаётан муҳим пеш меояд: пасандозҳои худро чигуна мешавад аз беқурбшавӣ ҳифз намуд?» - суъол медиҳад муаллифи матлаб ва дар як таҳқиқи кӯтоҳу арзишманд кӯшиш мекунад, ки ба ҳамаи ҷанбаҳои он посух бидиҳад. Ҳарчанд муаллиф менависад, ки чи тавр ва ба куҷо «гузоштан»-и пулҳои худ ба худи мардум бастагӣ дорад, вале боз ҳам фикри коршиносони миллиро меорад, ки «имрӯз дар Тоҷикистон роҳҳои машрӯъ ва босуботи маблағгузорӣ вуҷуд надорад».

Дар матлаб ҳамчунин пешбинии мутахассисони Сандуқи байнулмилалии пул оварда мешавад, ки бар тибқи он дар охири соли 2007 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ба 18 – 20% хоҳад расид.

XS
SM
MD
LG