Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии САҲА аз ҳабси рӯзномагори озарӣ


Масъули озодии матбуот дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо ишора ба ҳабси рӯзномагори озарӣ мақомоти Озарбойҷонро танқид кард. Додгоҳи Озарбойҷон Айнуллоҳ Фатҳуллоевро ба муддати ҳашту ним сол аз озодӣ маҳрум намуд.

Миклош Ҳарастӣ гуфт, муҷрим эълон намудани рӯзномагор "намунаи истифодаи ихтиёрии қонунҳои саркӯбкунанда мебошад, ки ҳадаф аз он ба аъмоли ҷиноӣ баробар донистани рӯзноманигорӣ ва хомӯш намудани садои танқидкунандагон аст."

Фатҳуллоев бо иттиҳоми таҳдиди терроризм, барангехтани низои байниқавмӣ ва саркашӣ аз супурдани андоз айбдор мешуд. Номбурда муҳаррири ду нашрияе буд, ки аз мақомоти Озарбойҷон танқид мекарданд. Фатҳуллоев феълан дар маҳбас аст. Қаблан ӯро бо ҷурми дигаре ба муддати дувуним сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

XS
SM
MD
LG