Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши журналистон дар Душанбе


Бо дақиқаи хомӯшӣ бар марги фоҷиавии Алишер Соҳибов – журналисти кушташудаи Уши Қирғизистон ҳамоиши нӯҳуми ВАО-и Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.

Ҳамоиши мазбур, таҳти унвони «Рушди худидорӣ ё худтанзимкунии ВАО дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Миклош Ҳарастӣ - фиристодаи САҲА дар умури озодии матбуот дар сухани ифтитоҳӣ гуфт, «худтанзимкуниро набояд ҳамчун худсензурӣ фаҳмид. Худтанзимкунӣ - ин гунаи дигари роҳат расидан ба матбуоти озод аст. Зеро дар аксари маврид хабарнигорон бидуни далел ва бо суханҳои сахт дигаронро мавриди интиқод қарор медиҳанд ва аз роҳи инсоф бадар мегарданд».

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар аксари кишварҳои аврупоӣ тарзи худтанзимкунӣ роиҷ аст ва пешниҳод шуд, ки дар Тоҷикистон низ як Шӯрои танзим бунёд гардад, то аз худидоракунӣ кор бигирад.

Ба иттилоъи коршиносон, худтанзимкунӣ беҳтарин иқдоми ворастагӣ аз сензураи давлатӣ ва ҷилавгирӣ аз басташавии даҳони рӯзноманигорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ва аммо Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ ва вакили мардумӣ дар парлумони кишвар мегӯяд, воқеан ҳам, худтанзимкунӣ ва ё худидоракунӣ як гунаи сензура буд метавонад.

Ин дар ҳолест, ки Огнян Златев – раиси Маркази рушди ВАО-и Булғористон бар ин назар аст, ки худтанзимкунӣ - ворастагӣ аз сензураи давлат аст ва дасти таъқиботи додситониву додгоҳро сари жруналистон кӯтоҳ мекунад.

Аз оқои Златев пурсидам, ки шеваи тозапайдои журнализм - журналистикаи шаҳрвандӣ, яъне форуму баҳсҳои интернетӣ, блогҳо ва паймонаҳои мубоҳисавиро низ метавон танзим кард? Ӯ гуфт, ягона расонае, ки аз танзиму контрол дур аст – интернетжурналистика аст, ва онро ҳатто дар кишварҳои пешрафта низ наметавон идора кард.

Ин дар ҳолест, ки порлумони Тоҷикистон чанде қабл барои «ворид кардани ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди манъи таҳқир дар Интернет» қарор қабул карда буд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, шадидан зидди ҳамин қарори порлумон буд ва талош хоҳад кард, ки ин қарор лағв гардад.

Мухтор Боқизода – раиси хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, воқеан ҳам аз таъсиси як Шӯрои танзимгари одоби журналистон, ки қазияҳои сари васоити ахбор омадаро бояд қабл аз додгоҳ баррасӣ ва матраҳ кунад, ҷонибдор аст. Зеро дар ин маврид хатари басташавӣ ва зиндонӣ шудани журналистон ба карат коҳиш меёбад.

XS
SM
MD
LG