Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурби доллар боз ҳам поин рафт


Дирӯз бо ҳадафи рафъи бӯҳрони қарзи хона бонки Марказии ИМА мафоди бонкиро коҳиш дод. Дар натиҷа қурби доллар боз ҳам поинтар шуд. Рӯзи панҷшанбе дар бозорҳои пул як евро ба як доллару 45 сенти ИМА баробар шуд.

Коҳиши мафоди бонкӣ дар ИМА касеро ба тааҷҷуб наовард. Ин бори дувум аст, ки барои рафъи бӯҳрони қарзи хона бузургтарин иқтисоди рӯи олам мафоди бонкиро поин мебарад. Вале мутобиқ бо он рӯзи чоршанбе барои аввалин бор як евро то ба як доллару 45 сенти ИМА боло рафт.

Ин дафъа мафод чоряк фоиз коҳиш дода шуд ва коршиносон ҳадс мезананд, ки ба зудӣ Бонки марказии ИМА бори дигар мафодро коҳиш хоҳад дод. Ҷеймс Ҳуҷез, шореҳи яке аз бозорҳои молии Лондон, дар ин бора гуфт, ҳоло коҳиш ҳамагӣ чоряки фоизро ташкил дод, вале вобаста ба нишондиҳандаҳои моҳи оянда шояд то охири соли равон мо боз шоҳиди иқдоми шабеҳи коҳиши рӯзи чоршанбе шавем. Вай афзуд, вазъ ба он далолат мекунад, ки эҳтимол то охири сол коҳиши дигаре ба вуқӯъ пайвандад.

Рӯзи ҷумъа омори таъмини мардуми ИМА бо кор интишор мешавад. Одатан бар пояи он дар бораи вазъи умумии иқтисоди ин ва ё он кишвар хулоса мебароранд. Вале шореҳи дигари британиявӣ Ҷулиан Ҷессоп ба ақидаи Ҳуҷез мухолиф аст. Ба фикри ӯ агар бозори нерӯи корӣ ҳамоно заиф боқӣ монад, аз эҳтимол дур аст, ки Бонки Марказии ИМА ба ҳамин зудиҳо бори дигар ба коҳиши мафод даст занад.

Ба қавли аксари шореҳон дар чунин ҳол барои як муддати кӯтоҳ вазъи доллар каме беҳбуд меёбад. Дигарон аслан бар ин назаранд, ки арзиши воқеии доллар ба маротиб баландтар аст. Онҳо ишора мекунанд, ки касри буҷаи ИМА, ки яке аз сабабҳои асосии поиншавии қурби доллар аст, амалан коҳиш меёбад.

Дар айни замон Ҷулиан Ҷессоп, шореҳи дигари британиявӣ, мегӯяд, агар бонки марказии Аврупо мафоди бонкиро боло барад, шояд арзиши евро тағйир наёбад ва ё ҳатто баландтар шавад. Ба гуфтаи вай, хавфи таваррум гувоҳи он аст, ки шояд мафоди бонкии Аврупо боло бурда шавад, ки ин фарқ ба доллар таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ҷ. Ҷессоп бар ин назар аст, ки дар ибтидои соли оянда як евро ба якуним доллар баробар хоҳад шуд.

Аммо шореҳ Ҳуҷез бар ин назар аст, ки поиншавии қурби доллар сусттар хоҳад буд ва эҳтимол баъди муддати тӯлонитаре қурби доллар то он ҳудуд коҳиш ёбад.

XS
SM
MD
LG